Равшаноро Акрамова, муаллимае, ки як навораш боиси вокуниши густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ҳодисаро аз нигоҳи худаш шарҳ дод. Дар навор як духтараки синфи се, бо номи Фотима нишон дода мешавад ва муаллим ӯро сарзаниш мекунад, ки чаро дафтарашро наовардааст.…
TjRusNews | Хабарҳои фаврӣ
🇹🇯 🇷🇺 Муҳимтарин хабарҳо дар бораи Русия ва Тоҷикистон
Динамика подписчиков
с 20 июля 2026 по 28 сентября 2026 · минимум 7 870 · максимум 14 200
Кто рекламировался за полгода
Рекламных размещений с маркировкой не найдено.
Публикации
Равшаноро Акрамова, муаллимае, ки як навораш боиси вокуниши густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ҳодисаро аз нигоҳи худаш шарҳ дод. Дар навор як духтараки синфи се, бо номи Фотима нишон дода мешавад ва муаллим ӯро сарзаниш мекунад, ки чаро дафтарашро наовардааст. Дертар маълум шуд, ки ин кӯдак аз лакнати забон азият мекашидааст ва дуруст гап зада ҳам наметавонистааст. Бо вуҷуди ин, муаллим аз вай дар лаҳни шадид…
Муборакшо Муборакшоев, пизишки тоҷики муқими Русия пас аз гирифтани ҷоизаи байналмилалӣ дар Русия, аз роҳи тайкардаи худ ва сирри муваффақияташ гуфт. Ӯ, ки табаб буданро, аз хуни тоҷикиаш медонад, чор роҳи расидан ба мақсадро ба мутахассисони ҷавон тавсия медиҳад — муҳаббат ба касб, дониш меҳнат ва ҷасорат. Муборакшоев солҳои 2000-ум тарки Тоҷикистон ба қасди Русия кардааст. Ӯ вақте ба давлати дигар кӯчид, мақсад…
Соҳибкор дар Русия метавонад муҳоҷиреро, ки ба РКЛ (Феҳристи ашхоси таҳти назорат) шомил шудааст, ба ҷои аз кор озод кардан, муваққатан аз кор дур кунад. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Владислав Шалагинов, чунин тасмим комилан қонунӣ буда, роҳи беҳтарини танзими муносибатҳои меҳнатӣ мебошад. «Агар коргари хориҷии шумо ба РКЛ шомил шавад, ӯро аз кор дур кунед, то ки вазифаҳои хизматии худро амалан иҷро накунад. Дар давраи аз…
Дар Мӯъминобод як марди 19-сола боздошт шудааст. Ӯ ба латукӯби ду кӯдаки хурдсол гумонбар дониста мешавад. Гумонбар Лангаршозода Рабони Сайёд, соли таваллудаш 2007, сокини деҳаи Чашмаи Ҷӯшонии ҷамоати Тутиён аст. «16 сентябр, бо баҳонаи чидани себ ва ангур, ӯ кӯдаконро ба минтақаи Гори Мушкиргон бурда, дасту пойҳои онҳоро баста, латукӯб карда, таҳдид кардааст, ки онҳоро мекушад. Кӯдакон низ сокинони деҳа буда, ҳарду…
Садамаи нақлиётиеро, ки дар он рӯзноманигори телевизиони "Тоҷикистон " кушта шуд, шарҳ доданд: ронандаи мошини ӯ ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини боркаш бархӯрдааст. Тавре ВКД шарҳ медиҳад, ҳодиса зӯҳри 17 август, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон рух дод. Рӯзноманигор, Маҳмадраҷаб Абдуллоевро, ки дар натиҷаи садама ҷароҳати вазнин бардоштааст, ба беморхонаи марказии ноҳияи мазкур интиқол додаанд, аммо,…
Дар ҳошияи ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои байнидавлатии зиддикоррупсионӣ, Прокурори генералии Русия Александр Гутсан бо Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, мулоқот кард. «Ман умедворам, ки ҳамкории мо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам Тава сути чорабиниҳои байналмилалӣ, ки таҳти сарпарастии СММ, Шӯрои байнидавлатии зиддикоррупсионӣ ва Шабакаи амалиётии ҷаҳонии…
Тартиби тамдиди муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар соли 2026: асосҳо, ҳуҷҷатҳо ва тартиби амал. Барои онҳое, ки нақша доранд дар Русия аз муҳлати муқарраршуда зиёдтар бимонанд, тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ як амали ҳатмӣ мебошад. Чиро бояд донист ⬇️ 🔵 «тамдид кардани корти муҳоҷиратӣ» ғайриимкон аст — муҳлати будубоши муваққатӣ ва дар баробари он бақайдгирии муҳоҷиратӣ (миграционный…
Ба гуфтаи София Батура, раиси Кумитаи муҳоҷирати Палатаи савдои Амрико дар Русия, сатҳи гардиши коргарони муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ дар Русия солона ба 300% мерасад. Корманди бидуни раводид метавонад дар як корхонаи калон то се маротиба дар як сол вазифаҳои худро иваз кунад. "Дар бисёр минтақаҳои Русия, дар иҷозатномаҳои корӣ унвонҳои вазифа нишон дода нашудаанд. Кормандони хориҷӣ метавонанд ҳар вазифаро ишғол кунанд…
Рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ҳафт нуқтаи интихоботӣ барои шаҳрвандони Русия барои раъйдиҳӣ дар интихоботи Думаи давлатии Русия кушода мешаванд. Се нуқтаи барои раъйдиҳандагони муқаррарӣ кушода хоҳанд буд: дуто дар Душанбе ва якто дар Хуҷанд. Дар Душанбе раъйдиҳандагон метавонанд дар бахши консулии сафорати Русия ва дар намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия раъй диҳанд. Дар Хуҷанд як нуқтаи интихоботӣ дар…